Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низоъҳои гурӯҳӣ дар шимолуғарби Покистон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ду муноқишаи гурӯҳӣ дар минтақаи ноороми шимолуғарби Покистон дасти кам 11 нафар аксарашон тундравони исломӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, муноқиша дар шаҳрҳои Банну ва Хавозӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи шанбе дар муноқишаи байни шаш тундрав ва ду қабиласолор дар Хавозӣ ҳамаи онҳо кушта шудаанд. Дар ҳодисаи дигаре, тундравони исломӣ бо ҳамлаи ғофилгиронае ба гурӯҳи гаштзании пулис дар шаҳри Бану, яке аз онҳо ва ду кишоварзи маҳаллиро ҳалок кардаанд.
XS
SM
MD
LG