Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як шаҳрванди Русия дар Душанбе


Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари қатли амдии як корманди пойгоҳи низомии Русияро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо Елена Кедровская – корманди додгоҳи низомии пойгоҳи 201-уми Русия, бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст ва омилони тасодум аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд. Муҳаммадҷон Назриев сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран мошини боркаше хонум Елена Кедровскаяро пахш кардааст. Ҷасади Елена Кедровская шаҳрванди Русия рӯзи 7 август дар як гӯшаи шаҳри Душанбе ёфт шуд. Дар пойгоҳи низомии Русия, ки воҳидҳояш дар шаҳри Душанбе ҳам ҷойгиранд, ҳудуди 5 ҳазор сарбоз хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG