Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сардабири "Зиндагӣ" дар садама


Қурбоналӣ Хуҷамов, рӯзноманигорони маъруф ва сардабири рӯзномаи «Зиндагӣ», бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми садама Қурбоналӣ Хуҷамовро писараш Ромиш, бародарзодааш Мирзоалӣ Эгамов ва як меҳмони ӯ аз шаҳри Душанбе бо исми Амруллоҳ ҳамроҳӣ доштаанд, ки онҳо низ ҷон додаанд.

Тургун Малаев, сармуфаттиши умури дохилии ноҳияи Панҷакент, дар ин робита зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «сабаби ин садама бо суръати баланд рондани мошин дар роҳи ноҳамвор будааст.»

Як шоҳиди воқеа гуфтааст, мошини Хуҷамов дар ҳоле чаппа шуд, ки яке аз чархҳои мошин ҷудо шуда афтодааст.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, ҷанозаи Қурбоналӣ Хуҷамов бо писару бародарзодааш дар зодгоҳи онҳо дар деҳаи Варзи Кандаи ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шудааст.

Қурбоналӣ Хуҷамов солиёни дароз дар радио ва телевизиёни Тоҷикистон ба ҳайси мудири бахши ахбор ва сармуҳарири барномаҳои хабарӣ фаъолият кардааст. Ба гуфтаи ҳамкасбону ҳамкорон, вай дар ин ҷода мақоми хосае дошт.

Адиби шинохта устод Сорбон дар робита ба ҳодисаи марги Қурбоналӣ Хуҷамов мегӯяд, «ман шодравонро аз даврони донишҷӯияш мешинохтам. Баъдан, ки Донишгоҳи миллиро хатм кард, ба нашриёт ба кор омад ва мо якҷоя кор мекардем. Замоне дар Афғонистон ҳамчун тарҷумон фаъолият кард. Баъдан дар Кумитаи радио ва телевизион ба кор шурӯъ кард. Вай ҳамчун инсон бисёр наҷиб, дӯсти хуб ва донишманди варзида буд».

Қурбоналӣ Хуҷамов дар соли 2001 аз кор дар телевизион канор рафт ва дар соли 2004 нашрияи мустақили сиёсӣ ва иҷтимоии "Зиндагӣ"-ро таъсис дод ва то вопасин лаҳзаи масъулияти раҳбарии онро бар дӯш дошт. Ва агарчи аҷали нобаҳангом зиндагии ӯро домангир шуд, аммо номи ӯ ва «Зиндагӣ»-и ӯ дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.

Баъд аз пахши хабари ин мусибат дар радиои Озодӣ, як хонанда бо номи Бобоҷон аз шаҳри Одессаи Укроин бо мо дар тамос шуд ва ба наздикону хешу ақрабои марҳум изҳори тасаллият кард. Вай аз Мирзоалӣ Эгамов, ки низ дар ин садама ҷони худро аз даст дод, ба некӣ ёд кард.

Вай гуфт, Мирзоалӣ Эгамов ҳамчун яке раҳбарони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Одесса ба муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр кӯмакҳои зиёде кардааст ва ин фоҷеа онҳоро ғамгин кардааст.
XS
SM
MD
LG