Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия даҳсолаҳо дар Афғонистон мемонад


Дейвид Ричард - фармондеҳи ояндаи артиши Британия мегӯяд, ин кишвар то 40 соли дигар дар Афғонистон эҳтимолан нақшеро иҷро хоҳад кард. Генерал Дейвид Ричард ба рӯзномаи “Таймс” гуфтааст, нерӯҳо дар Афғонистон барои миёнамуддат зарур хоҳанд шуд, вале Британия “мусоидат дар умури рушд, идора, ислоҳоти сохторҳои амниятӣ то 30 – 40 соли ояндаро” идома хоҳад дод. Ба гуфтаи вай, то замони омода шудани нерӯҳои амниятии худи Афғонистон, нерӯҳои НАТО ба ҳеҷ ваҷҳ ин кишварро тарк нахоҳанд кард. Дейвид Ричард охири ҳамин моҳ раиси ситоди кулли артиши Британия таъйин хоҳад шуд. Британия, ки дар Афғонистон нерӯи тақрибан 9 000-нафарӣ дорад, аз соли 2001 то кунун 195 сарбози худро талаф додааст.
XS
SM
MD
LG