Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи хунрезиву хушунат дар Ироқ


Ҳамлаҳои маргталабона ва хушунатҳои мазҳабӣ имрӯз ҳам дар Ироқ идома кард. Аз ҷумла бар асари инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар наздикии шаҳри ноороми Мосул, дасти кам 38 шиъамазҳаб ҳангоми берун шудан аз масҷид ба ҳалокат расидаанд. Дар шаҳраки шиъанишини Садри Бағдод, бар асари бархӯрди як мусофирбар ба бомби канори роҳ, шаш нафар ҷон дода ва 24 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар як ҳамлаи дигаре, ки зоҳиран ниқори шиъамазҳабон дониста мешавад, бар асари инфиҷори бомби пинҳонкарда дар як мотосикл дар як маҳалли суннишини Бағдод шаш нафар кушта ва 35 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG