Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти ғофилгиронаи нерӯҳои Индонезия


Маъмурони амниятии Индонезия имрӯз ба паноҳгоҳи Нуриддин Муҳаммад Топ як тундраве, ки солҳо боз дар пайи он буданд, юриш бурда ва ӯро куштаанд. Аммо мақомоти пулиси Индонезия ин хабарро таъйид накардаанд. Ба гуфтаи пулис, ҳамла ба паноҳгоҳи Нуриддин Муҳаммад дар Ҷаваи марказӣ баъд аз боздошти чанд нафар аз тундравони вафодор ба ӯ дар рӯзи ҷумъа сурат гирифт. Мақомоти Индонезия мегӯянд, ин ситезаҷӯи малайзӣтабор дар силсилаи ҳамлаҳо дар Индонезия, ки аз соли 2003 то кунун 50 нафарро ҳалок кардааст, даст дорад, аз ҷумла дар ҳамлаҳои маргталабонаи моҳи гузашта дар шаҳри Ҷакарта пойтахти Индонезия.
XS
SM
MD
LG