Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи муҳокимаи тазоҳургарон дар Эрон


Расонаҳои Эрон гузориш медиҳанд, ки муҳокимаи дуввуми тазоҳургарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези моҳи июн дар шаҳри Теҳрон оғоз шудааст, ки дар он интихобот Маҳмуди Аҳмадинажодро пирӯз эълом карданд. Дар даври аввали муҳокима дар рӯзи якуми август, ки ҳудуди 100 нафар аз тазоҳургарон бо иттиҳомоти мухталиф, аз ҷумла ташкили нооромиҳо муҳокима шуданд. Аммо маълум нест, дар мурофиаи гурӯҳии имрӯза чанд нафар ҳастанд. Мирҳусайни Мӯсавӣ - раҳбари мухолифин ва Муҳаммади Хотамӣ- раиси ҷумҳури собиқи Эрон ин муҳокимаро маҳкум кардаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи чаҳоршанбе барои даври дуввуми раёсати ҷумҳураш расман савганд хӯрд.
XS
SM
MD
LG