Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Ироқ 36 нафар кушта шуданд


Рӯзи ҷумъа бар асари силсилаи бомбгузориҳо алайҳи шиъаҳо дар Ироқ 36 нафар кушта шуданд. Таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди масҷиди шиъаҳо дар шаҳри шимолии Мувсил 30 нафарро кушта ва беш аз 80 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Ин мошин замоне таркид, ки намозгузорон баъд аз адои намози ҷумъа аз масҷид берун мешуданд. 6 зоири шиъа дар роҳи бозгашт аз шаҳри муқаддаси Карбало низ рӯзи ҷумъа дар Бағдод дар натиҷаи таркиши бомб кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG