Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулмира яке аз он ҷавондухтароне мебошад, ки бори аввал дар интихоботи маҷлиси шаҳрӣ баҳри курсии вакили мардумӣ сабқат кардааст.

Вай мегӯяд, ки дар интихоботи шаҳрӣ бо ҳолатҳои тақаллуб рӯбарӯ шуд: «Гарчанде ман дар ин самт таҷриба надоштам, вале хеле чизҳоро омӯхтам. Вохӯриҳо бо интихобкунандагон самимӣ буданд. Монеаҳои сунъӣ ҳам буд, аммо ман рӯҳафтода нашудаам.»

Сарфи назар аз он ки Гулмира ба гирифтани мақоми вакилӣ мардумӣ дар маҷлиси маҳаллӣ мувафафақ нашуд, тасмим дорад, ки ин
Монеаҳои сунъӣ ҳам буд, аммо ман рӯҳафтода нашудаам.
навбат дар интихоботи парламент иштирок кунад. Гулмира меафзояд, надоштани таҷриба, набуди шароити мусоид барои корҳои пешазинтихоботӣ ва имконоти молиявӣ дар интихоботи аввалин боиси он гардид, ки натавонист пурра барномаи пешазинтихоботии худро ба интихоб кунандагон муаррифӣ кунад, ки ин ҷавононро аз фаъолиятҳои сиёсӣ дилсард мекунад.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгори ҷавон Маърифат Назарова мегӯяд, ки падидаи интихоби вакилон аз байни ҷавонон ҳанӯз дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст. Зеро агар ба парламенти кишвар бингаред, шумори зиёди вакилон собиқ мансабдорони ҳукуматианд ё тоҷироне, ки барои вакил шудан сармояи муайянро хароҷот мекунанд. Ба гуфти Маърифат, агар ин навбат аз сафи ҷавонҳо ягон вакилро интихоб кунанд, ӯ ҳам ҳатман ё тавассути таборгароӣ ваё маҳаллгароӣ ба парламент роҳ хоҳад ёфт , на аз роҳи рақобати озод: «Кадом деҳқон, журналист ва омӯзгори ҷавон вакил шудааст? Ин фурсатро барои ҷавонон намедиҳанд. Касе ки мансаб дорад, маҳалаш мутобиқат мекунад ва хеши мансабдорони болоист, вакил мешавад, ин ошкор аст».

Руқия Саидова, таҳлилгари ҷавон бар он назар аст, ки агар аз як тараф гаравпулии интихобот, яъне пардохти 500 доллари амрикоӣ боиси камтаваҷҷӯҳии ҷавонон барои вакил гардидан бошад, паҳлӯи дигар - баргузории интихоботҳои ғайришафоф то ҷойе ҳам боварии ҷавононро коста гардонидааст. Ҳатто дар вақти интихоботҳо ҳавзаҳои интихоботӣ барои як ҷониб хидмат мекарданд ва ҷавонҳо шоҳиди ҳолатҳои тақалубие гардиданд, ки дар зеҳни онҳо як бардошти манфиро барои рақобати солим ва барои вакилшудан бедор кардааст: «Таҷриба нишон дод, ки ҳангоми раъйдиҳӣ раъйи мардум тағийр дода мешавад, мардум ҳаққи раъйи хешро талаб кардан надорад. Ба нозирони дигар азҳоб роҳ дода намешавад. Пас чигуна ҷавонон таваҷӯҳ кунанд барои иштирок? Ва ҷавонон низ чандон фарҳанги сиёсиашон рушд накардааст, ки дар ингуна чорабиниҳои муҳими сиёсӣ иштирок кунанд.»

Ба гуфти хонум Саидова, дар ҳоле ки 54 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, ҳузури вакилони зан дар парламент ҳамагӣ 12 дарсад буда, чеҳраҳои ҷавонро дар маҷлис тақрибан намебинед. Ҳамсӯҳбатам дар идома гуфт, ки бояд фарҳанги сиёсии ҷавононро такмил дод ва онҳоро барои ширкат дар интихоботҳо омода кард. Ва бояд давлат барои ҳавасманд шудани ҷавонҳо гаравпулии интихоботро лағв кунад.
XS
SM
MD
LG