Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат – 8-ум ва 9-уми август - дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин муносибат дар саросари кишвар мусобиқот дар риштаҳои мухталиф баргузор хоҳад шуд. Чунончи, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои гиромидошти хотираи Абдуманнон Зокиров, паҳлавони маъруфи тоҷик, тӯли ду рӯз (8-ум ва 9-уми август) дар ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа гуштигирони синни аз 18-сола боло аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, шаҳру новоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар ширкат хоҳанд кард. Ғолибони мусобиқа бо ҷавоизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи гуштии миллии кишвар, ҳукумати ноҳияи Ҳисор ва сарпарастон мукофотонида хоҳанд шуд.

Ба иттилоъи ҷаноби Мирзоев, инчунин, рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнабардорӣ байни варзишгарони маълул барпо мегардад. Мусобиқа байни занон дар ду вазн – то 60 ва аз 60 кг боло, байни мардон дар чор вазн – то 60, то 75, то 80 ва беш аз 80 кг сурат мегирад.

Ба гуфтаи Алимаҳмад Мирзоев, 8-уми август дар шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбии варзишгарон ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш доир хоҳад шуд.

Дар Рӯзи таҷлили иди варзишгарон - 8-уми август - давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз мешавад.

РШВСМ-и Душанбе бо «Хайр»-и Вахдат, «Барқ»-и Норак бо «Локомотив»-и Душанбе, «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо «Ҷавонон»-и Турсунзода, «Зарафшон»-и Панҷакент бо «Панҷшер»-и Румӣ ва
«Саройкамар»-и Панҷ бо «Ҳулбук»-и Восеъ бозӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол «Саройкамар» бо 21 имтиёз дар ҷои аввал, «Хайр» бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Ҷавонон» бо 17 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG