Пайвандҳои дастрасӣ

Пивонӯшӣ дар кӯчаҳои Қазоқистон манъ шуд


Сар аз 6 август дар Қазоқистон нӯшидани оби ҷав( пиво) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар кӯчаву хиёбонҳо манъ шудааст. Афроди ноболиғ низ ҳаққи ба танҳоӣ рафтан ба маконҳои тафреҳӣ дар сооти шабонгоҳиро аз даст доданд.
Касе ки ин муқарраротро муроот намекунад, ҳудуди 1300 танга, муодили тақрибан 9 доллари амрикоӣ, ҷарима баста хоҳад шуд. Дар сурати такрорӣ, маблағи ҷарима ду маротиба афзуда, дафъаи севвум мақомот метавонанд муҷримро ба 15 рӯзи боздошт маҳкум кунанд.
Ин муқаррарот дар қонуне омадааст, ки ахиран дар Қазоқистон ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон қабул карданд.
XS
SM
MD
LG