Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Fannie Mae 14,8 миллиард доллар зиён дидааст


Fannie Mae, яке аз бузургтарин ширкатҳои фаъол дар бозори қарзи манзили Амрико, дар семоҳаи дуввуми соли равон 14,8 миллиард доллар зиён кашида, аз вазорати дороии Амрико 10,7 миллиард доллари дигар кӯмак хостааст. Fannie Mae ва Freddie Mac, ки таҳти пуштибонии давлати Амрико фаъолият мекунанд, алакай ба хотири муқобила бо асароти бӯҳрони саросарии молӣ аз давлат миллиардҳо доллар кӯмак гирифтаанд. Fannie Mae дар семоҳаи аввали сол низ беш аз 23 миллиард доллар зарар дида буд.
XS
SM
MD
LG