Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен хостори нирӯи бештар дар Афғонистон шуд


Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фог Расмуссен хостори эъзоми нирӯи бештар ба Афғонистон шуд. Расмуссен дар сӯҳбат бо радиои ББС гуфт, тамрини нирӯҳои афғонӣ талоши бештар металабад.
Ин изҳори назари дабири кулли НАТО дар ҳолест, ки фақат тайи як шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон боз 7 сарбози ғарбӣ кушта шуданд. Рӯзи панҷшанбе 4 сарбози амрикоӣ бар асари таркиши бомби рӯироҳ дар ғарби Афғонистон ва 3 сарбози НАТО дар натиҷаи як бомбгузорӣ дар ҷануби он кишвар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG