Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайъат ба Вазиристони ҷанубӣ рафтааст


Мақомоти Покистон мегӯянд, раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд ба эҳтимоли ғолиб дар натиҷаи ҳамлаи мушакии рӯзи 5 август кушта шудааст. Вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ гуфт, ба манзури пайдо кардани таъйиди ин хабар як ҳайъат ба маҳалли ҳодиса – ба сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони ҷанубӣ рафтааст.
Мақомот мегӯянд, маълумоти бадастомада ҳокист, ки Байтуллоҳ Маҳсуд ҳамроҳ бо ҳамсар ва муҳофизонаш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии эҳтимолан нирӯҳои Амрико ба манзили як хешовандаш дар Вазиристони ҷанубӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи бархе манобеъ, ҷанозаи Байтуллоҳ Маҳсудро алакай ба хок супурдаанд.
XS
SM
MD
LG