Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз оғози ҷанги Русияву Гурҷистон як сол гузашт


Гурҷистон рӯзи ҷумъа солгарди аввали ҷанги кӯтоҳаш бо Русия бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиро ёд мекунад. Дар шаҳри Горӣ, ки дар ҷанги моҳи августи соли гузашта ҳадафи бомбаборони артиши Русия қарор гирифта буд, садҳо нафар ба шакли шабеҳи парчами миллии Гурҷистон саф оростанд. Русия ба хотири эҳёи назораташ бар Осетияи ҷанубӣ ба дохили қаламрави Гурҷистон ҳамла кард.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи ҷумъа гуфт, тасмими эъзоми нирӯҳо ба ҷанг алайҳи Гурҷистон “ тасмиме мушкил буд, вале дар ниҳояти амр маълум шуд, ки дуруст буд.”
Дар паи ҷанги панҷрӯза Русия назорати Абхозистону Осетияи ҷанубиро ба даст овард ва баъдан истиқлолияти ин ҳарду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG