Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон бе раҳбар монд


Байтуллоҳ Маҳсуд дар ҳалқаи хабарнигорон
Байтуллоҳ Маҳсуд дар ҳалқаи хабарнигорон

Бино ба хабарҳо, Байтуллоҳ Маҳсуд бар асари ҳамлаи мушакие, ки бовар меравад, нирӯҳои Амрико анҷом додаанд, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамлаи мушакӣ шоми 5 август манзили як хешованди наздики раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсудро дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони ҷанубӣ асобат карда, ҳамроҳ бо раҳбари Толибон ҳамсар ва муҳофизони ӯ низ кушта шудаанд. Мақомоти Покистон ҳарчанд хабари ҳалокати раҳбари Толибонро саҳеҳ мехонанд, вале то ҳол аз таъйиди комили он худдорӣ меварзанд ва мегӯянд, ба таҳқиқи воқеъияти хабари марги Байтуллоҳ Маҳсуд идома медиҳанд.

Вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ рӯзи ҷумъа гуфт, мақомот ба хотири ба даст овардани таъйиди саддарсадии
Бино бар маълумоте, ки ман дорам, ин гузоришҳо дурустанд ва ӯ аз байн бурда шудааст.
ҳалокати раҳбари Толибони Покистон озими як бахши дурдасти устони Вазиристони ҷанубӣ шудаанд: “Бино бар маълумоти ман, бино бар маълумоти истихборотии ман, гузоришҳо дар бораи Байтуллоҳ Маҳсуд дурустанд, вале мо ба таҳқиқи ин хабар дар ҷойи ҳодиса пардохтаем. Бо муҷарради анҷоми таҳқиқ, таъйиди саддарсадии ин хабар ба даст хоҳад омад. Аммо бино бар маълумоте, ки ман дорам, ин гузоришҳо дурустанд ва ӯ аз байн бурда шудааст.”

Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик ва дигар мақомоти покистониву амрикоӣ низ гуфтаанд, ки раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд ба эҳтимоли ғолиб дар натиҷаи ҳамлаи мушакии ду рӯзи пеш кушта шудааст. Раҳмон Малик гуфт, мақомот маълумоти ҳанӯз расман тасдиқношудае дар даст доранд, ки мегӯяд, Байтуллоҳ Маҳсуд ҳамроҳ бо зан ва муҳофизонаш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии эҳтимолан нирӯҳои Амрико ба манзили падарарӯси раҳбари Толибон дар сарзаминҳои қабиланишини устони Вазиристони ҷанубии Покистон кушта шудаанд.

Аз қавли як мақоми амниятии Покистон ва як мушовири Байтуллоҳ Маҳсуд гуфта мешавад, ки ҷанозаи раҳбари Толибони Покистонро алакай дафн кардаанд.

Дар сурати тасдиқ шуданаш, ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд метавонад бузургтарин комёбии Покистону Амрико дар амри тахриби тавонмандиҳои созмонҳои Толибон ва Ал-Қоида шавад.

Ҷангиёни Маҳсуд дар Покистон як силсила бамбгузориҳои хунини интиҳорӣ ва дар Афғонистони ҳамсоя як теъдод ҳамалот алайҳи нирӯҳои байналмилалӣ анҷом додаанд. Маҳсуд ба даст доштан дар таҳияи қатли сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто дар декабри соли 2007 низ муттаҳам мешуд.

Амалиёти зоҳиран муваффақи артиши Покистон алайҳи ҷангиёни Толиб дар водии Свот тарафдорони Байтуллоҳ Маҳсудро ба як гӯшаи хурди Вазиристони ҷанубӣ танг кард. Ба назари таҳлилгарон, чунин сурати ҳол Маҳсудро дар муқобили ҳамлаҳои ҷангандаҳои покистонӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни саршинини Амрико осебпазиртар карда буд.

Хабари ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд дар ҳоле мерасад, ки як ҳайъат аз ришсафедони қабилаи паштуе, ки Маҳсуд низ ба он қабила тааллуқ мегирифт, ба Исломобод рафтаанд, то аз сарвазир ва дигар мақомоти Покистон замонате ба даст биоваранд, идомаи амалиёти густардаи артиш алайҳи ҷангиён осебе ба мардуми ғайринизомии сокини ин сарзаминҳо ва ба молу мулки ин мардум нахоҳад расонд.

Бар асари ҷангҳо дар сарзаминҳои қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон ҳазорон хонаводаҳо беҷо шудаанд.

Таҳлилгар ва дипломати собиқи покистонӣ Рустамшоҳи Мӯҳманд мегӯяд, ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд гурӯҳҳои алакай пора-порашудаи Толибонро дар Покистон боз ҳам заифтар хоҳад кард. Ба эътиқоди ӯ, Таҳрики Толибони Покистон акнун ба чолиши ҷиддии раҳбарӣ рӯбарӯ мешавад: “Ба назари ман, ёрону ворисони ӯ ба пояи ӯ нахоҳанд расид. Касе ки ҷойгузини ӯ хоҳад шуд, хеле заъифтар аст ва ба назари ман, ин як фурсати муносиб аст ба давлати Покистон дар амри пешрафт ва эҳёи сулҳ дар ин минтақа.”

Амрико Байтуллоҳ Маҳсудро як омили калидии шабакаи Ал-Қоида шинохта, дар поёни моҳи март дар баҳои маълумоте, ки боздошт ва ё қатли Байтуллоҳ Маҳсудро муяссар гардонад, 5 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд. Исломобод низ ба ин манзур қаблан як ҷоизаи 600 000-долларӣ муқаррар карда буд. Давлати Амрико гуфтааст, ки хабарҳои расида дар бораи кушта шудани раҳбари Толибони Покистонро ботаваҷҷӯҳ пайгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG