Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рустои Зиёратути ноҳияи Турсунзода манбаъи шуйюъи бемории қаттоли таби хунӣ кашф шудааст.

Мақомоти ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон мегӯянд, 3 нафар дар ноҳияи Турсунзода, 60-километрии ғарби Душанбе, бар асари бемории таби хунӣ ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи табибон, дар шумули фавтидагон бародарони 47- ва 50-сола Холматовҳо ва мудири бахши амрози сироятии бемористони марказии Турсунзода Аскар Умаров будаанд.

Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон ва сардухтури беҳдоштии кишвар Аъзам Мирзоев ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, манбаъи ин беморӣ дар ҳудуди рустои Зиёратути ноҳияи Турсунзода кашф шуда, то имрӯз аломатҳои ин беморӣ дар бадани 5 нафар ташхис шудааст, ки аз ин шумор 3 нафар аз олам чашм пӯшидаанд.

Ба гуфтаи ин мақоми беҳдоштӣ, ҳамаи 24 нафаре, ки бо афроди мариз тамос доштаанд, феълан таҳти назорати табибон қарор доранд.

Бемории қаттоли таби хунӣ маризии сироятиест, ки одатан тавасути кана ва ҳайвоноти хоянда, назири калламушҳо, паҳн мешавад. Яке аз аломатҳои ин беморӣ то ҳадди 40 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан буда, таби хунӣ баъдан ба хунравӣ аз бинӣ ва меъда мунҷар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG