Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи қотилони Политковская идома хоҳад ёфт


Додгоҳи Русия рӯзи ҷумъа дархости хонаводаи хабарнигори маъруфи кушташудаи рус Анна Политковская дар мавриди тавқифи муҳокимаи дубораи парвандаи 3 нафари муттаҳам дар ҳамдастӣ дар ин кушторро радд кард.
Анна Политковская, ки асосан дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Қафқози шимолӣ мақола менавишт ва аз сиёсати давлати Русия интиқод мекард, дар моҳи октябри соли 2006 дар натиҷаи як сӯъиқасд дар даромадгоҳи манзилаш дар Маскав кушта шуд. Нафари муттаҳам ба қатли хабарнигор то ҳол боздошт нашудааст ва мақомот ба кашфи фармоишгарони ин куштор низ даст наёфтаанд.
Тарафдорони Политковская мақомотро ба даст доштан дар қатли хабарнигор муттаҳам мекунанд, вале Кремл ин иттиҳомро радд мекунад. Хонаводаи Политковская мехост, таҳқиқи парванда то замони ифшои исми фармоишгаронаш идома ёбад.
XS
SM
MD
LG