Пайвандҳои дастрасӣ

"30 000 нафар бар хона баргашта наметавонанд"


Созмони Афви байналмилалӣ гуфт, як сол баъд аз ҷанги Русияву Гурҷистон барс ари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ 30 000 нафар ҳамчунон наметавонанд ба манзилҳои худ баргарданд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар гузорише, ки 7 август, дар солгарди аввали шурӯъи ҷанги панҷрӯзаи Русияву Гурҷистон нашр кард, мегӯяд, “таниши фарогир ва адами амният бисёри мардумро аз бозгашт ба манзилҳои худ манъ мекунад.”
Дар Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ солгарди ин ҷангро бо як дақиқа хомӯшӣ ба ёди қурбониён ёд хоҳанд кард.
Интизор меравад, раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва раҳбари Осетияи ҷанубӣ Эдуард Кокойтӣ дар ин рӯз ҳар кадом бо паёми хосе ба мардум муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG