Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргҳои пажмурда, вале зиндаи "инқилоби садбаргӣ"


Пуштибонии мардум аз Саакашвилӣ акнун ба гунае нест, ки 6 сол пеш буд
Пуштибонии мардум аз Саакашвилӣ акнун ба гунае нест, ки 6 сол пеш буд

Як сол пеш вақте ҷанги Русияву Гурҷистон оғоз ёфт, бисёриҳо фикр мекарданд, ки "инқилоби садбаргӣ"ҳалок шуд.

Вале вақтҳои ахир батадриҷ шумори зиёде аз гурҷиҳо ба танзими давлати демократӣ ва ҷойгоҳ ёфтани Гурҷистон дар байни кишварҳои аврупоӣ эътимод пайдо кардаанд. Дар айни замон таъкид мешавад, ки эътимод ба президенти Гурҷистон Мизеил Саакашвилӣ ва атрофиёнаш хеле заиф аст.

Хонум Нино Данелия бист сол инҷониб баҳри бунёди демократия дар ватанаш Гурҷистон талош меварзад. Моҳи апрели соли 1989
Ман намехоҳам, ки фарзандонамон тамоми ҳаёташон мубориза баранд. Мехоҳам онҳо осуда бошанду маълумот гиранд.
Нинои 15-сола ба гирдиҳамоиҳои ҷонибдорони истиқлоли Гурҷистон пайваста, бар зидди ҳокимияти шӯравӣ гуруснанишинӣ эълон кард. Моҳи ноябри соли 2003-ум Данелия ҳамроҳ бо гурӯҳи ошӯбгарон, ки сутунмӯҳраи инқилоби садбаргиро ташкил медоданд, толори Маҷлиси қонунгузори Гурҷистонро ишғол намуда, дар ниҳояти амр Михаил Саакашвилиро сари қудрат овард.

Имрӯз Данелияи 35-сола модари ду фарзанд буда, дар донишкадаи журнализми Қафқоз, воқеъ дар пойтахти Гурҷистон, фанни идораи расонаҳои хабариро таълим медиҳад. Ба гуфти Данелия, ҳоло Гурҷистон дар як чорраҳаи ҳалкунанда қарор дорад: "Ман намехоҳам, ки фарзандонамон тамоми ҳаёташон мубориза баранд. Мехоҳам онҳо осуда бошанду маълумот гиранд. Ба фикрам, ҳоло Гурҷистон давраи муҳимро аз сар мегузаронад. Таърих дар шакле такрор мешавад, вале мо бояд аз он сабақ гирем."

Таърихи даврони соҳибистиқлолии Гурҷистон саршор аз сабқати ҷуғрофиёиву сиёсӣ миёни Русия ва ИМА, баҳс рӯи масири лӯлаи нафту газ, нуфуз болои минтақаи Қафқоз ва ҷанҷол миёни раҳбарони шабеҳи президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва сарвазири Русия Владимир Путин будааст.

Хулоса, хонум Данелия ва миллионҳо сокини ин кишвари Қафқоз баҳри бунёди як ҷомеаи озоду демократӣ талош меварзанд.

Моҳи ноябри соли 2003-ум бисёриҳо фикр мекарданд, ки ба орзуяшон расиданд. Вале бо мурури замони начандон тӯлонӣ инқилоби садбаргӣ ё беҳтараш садбаргҳои инқилобӣ дар кашокашҳои байниҳамдигарӣ пажмурда шуданд.

Баъдан вақте шаби 7-уми август танкҳои Русия ба хоки Гурҷистон ворид шуданд, мардуми зиёде ба орзуи зиндагӣ дар кишвари мустақили демократӣ падруд гуфтанд.

Ҳукумати президент Саакашвилӣ дар ин ҷанги панҷрӯза шикаст нахӯрд. Сипас мухолифин бо тақозои истеъфои ҳукумат ба хиёбонҳо рехтанд. Данелия мегӯяд, орзуи бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ҳанӯз ҳам дар дили мардум шӯълавар асту акнун онҳо мехоҳанд раҳбарон барои амалкардҳояшон дар назди онҳо посух диҳанд.

Сар аз моҳи апрел мухолифини ҳукумати Саакашвилӣ бо тақозои истеъфои президент гирдиҳамоиҳои шабонарӯзӣ ташкил карданд, ки то охирҳои моҳи июл, тахминан бо замони боздиди ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз Гурҷистон идома дошт. Дар арафаи ин сафар президент Саакашвилӣ як силсила ислоҳоти демократӣ ҷорӣ кард, ки зоҳиран ҳадаф аз он қонеъ сохтани мухолифин буд. Аз ҷумла президенти Гурҷистон ризоият дод, ки моҳи май интихоботи маҳаллӣ доир шавад, мири шаҳри Тифлис дар интихоботи мустақим баргузида шавад ва барои ҷилавгирӣ аз фасод дар таъйини раиси комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон назари мухолифин ба эътибор гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе мухолифини Саакашвилӣ, амсоли хонум Нино Бурҷанадзе - собиқ раиси парламенти Гурҷистон ва Леван Гачечиладзе - собиқ довталаби курсии президентӣ ба ҷуз истеъфои Саакашвилӣ чизеро қабул надоранд.

Вале сиёсатмадорони дигар, аз ҷумла собиқ сафири Гурҷистон дар СММ Ираклий Алазания қабл аз ҳама ҷонибдори ислоҳи низоми
Сарфи назар аз ихтилофҳоямон дар масъалаи раҳбари кишвар, мо ҳама Гурҷистонро дӯст медорем.
сиёсии кишвар ҳастанд, на истеъфои Саакашвилӣ ба ҳар нархи имкнопазир. Ираклий Алазания мегӯяд: "Сарфи назар аз ихтилофҳоямон дар масъалаи раҳбари кишвар, мо мувофиқ ҳастем, ки ҳама Гурҷистонро дӯст медорем ва баҳри ваҳдату истиқлоли он талош меварзем. Ин ваҳдат замоне зоҳир хоҳад шуд, ки дар ояндаи наздик мо созише пайдо карда, ба тавофуқ бирасем."

Дар навбати худ, мансабдорони Гурҷистон бо ишора ба манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон мегӯянд, ки 20 дар сади хоки кишварро Русия ишғол кардааст ва тонкҳои русӣ дар 30-километрии пойтахти Гурҷистон ҷой гирифтаанд. Гига Бокерия, муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон таъкид мекунад, ки Русия доимо ба корҳои дохилии Гурҷистон сар мехалонад: "Русия бо раҳбари гурҷӣ, ки дар паи бунёди давлати мустақил бошад, мушкилӣ дорад. Мушкили зербиноӣ ин аст, ки дар тӯли ин солҳо Русия як воқеиятро дарк накардааст, ки Гурҷистон давлати соҳибистиқлол аст. Сарчашмаи мушкилӣ низ ҳамин аст. "

Ин нуқтаи назарро мухолифини Саакашвилӣ ҳам эътироф мекунанд. Аммо онҳо мегӯянд, ки Саакашвилӣ аз ӯҳдаи раҳбарӣ набаромад. Онҳо меафзоянд, ки онҳо ба президенти кишвар қудрати бе ҳадд зиёд доданд ва ӯ бо мурури замон аз воқеият дур шуд. Нино Данелия бар ин назар аст, ки муҳим бунёди низом аст, на шахси раҳбар. Агар ҷомеа назорати ҳокимонро ташкил карда тавонад, ҳеҷ кадом раҳбар ба сӯъииистифода аз давлат ҷуръат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG