Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарҳои зиддунақиз дар бораи ҳалокати Маҳсуд


Байтуллоҳ Мақсуд дар сӯҳбат бо хабарнигорон

Байтуллоҳ Мақсуд дар сӯҳбат бо хабарнигорон

Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, раҳбари Толибони Покистон дар натиҷаи ҳамлаи мушакии нирӯҳои Амрико кушта шудааст.

Мақомоти Амрикову Покистон мегӯянд, ба таҳқиқи гузоришҳо дар бораи ҳалокати раҳбари Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд шурӯъ кардаанд. Дар сурати тасдиқ шудани ин хабар, ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд метавонад бузургтарин комёбии талошҳои Покистону Амрико дар амри тахриби тавонмандиҳои созмонҳои Толибон ва Ал-Қоида шавад.

Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, ки раҳбари Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд эҳтимолан дар натиҷаи ҳамлаи мушакии ду рӯзи пеш кушта шудааст. Раҳмон Малик гуфт, мақомот маълумоти ҳанӯз расман тасдиқношудае дар даст доранд, ки мегӯяд, Байтуллоҳ Маҳсуд ҳамроҳ бо зан ва муҳофизонаш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии эҳтимолан нирӯҳои Амрико ба манзили як хешованди раҳбари Толибон дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ кушта шудаанд. Аз қавли як мақоми амниятии Покисстон ва як мушовири Байтуллоҳ Маҳсуд гуфта мешавад, ки ҷанозаи раҳбари Толибони Покистонро алакай дафн кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ҳамлаи мушакие, ки бовар меравад, нирӯҳои Амрико анҷом додаанд, субҳи чоршанбе манзили падарарӯси Байтуллоҳ Мақсудро дар сарзаминҳои қабиланишини устони Вазиристони ҷанубии Покистон асобат кардааст.

Як мақоми покистонӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, хабари ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд тавассути забти гуфтугӯҳоҳои мухобиротӣ ба даст омадааст. Аммо сухангӯи артиши Покистон Атҳар Аббос гуфт, хабари ҳалокати Байтуллоҳ Маҳсуд ҳанӯз тасдиқношуда боқӣ мемонад.

Давлати Амрико низ гуфтааст, ки хабарҳои расида дар бораи кушта шудани раҳбари Толибони Покистонро ботаваҷҷӯҳ пайгирӣ мекунад.

Байтуллоҳ Маҳсуд раҳбарии гурӯҳи Толибонро дар Покистон бар ӯҳда дорад. Толибони Покистон бахусус тайи ду соли охир ва ба вижа дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарх бо Афғонистон тақвият ёфта, ҷангиёни толиб ҳатто бахше аз қаламравҳоро дар ин қисмати Покистон таҳти назорати худ оварданд.

Ҷангиёни толиб бавижа дар самти водии Свот ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза даст ёфта, тавонистанд ҳатто то тақрибан 100-километрии Исломобод, пойтахти Покистон, пеш бираванд. Ҷангиёни Свот дар моҳи феврал давлати Покистонро маҷбур карданд, ба як қарордоди сулҳ бо Толибон имзо кунад, ки дар ивази оташбас эъмоли қонунҳои шариат дар водии Свот ва навоҳии атрофи онро иҷозат медод.

Вале аз баҳори соли равон давлати Покистон алайҳи Толибон ва гурӯҳҳои дигари тундрави мустақар дар сарзаминҳои қабиланишин амалиёти густардаи низомиеро ба роҳ андохт, ки дар як муддати кӯтоҳ беш аз 2 миллион нафарро беҷо кард.

Ҷангиёни Маҳсуд дар Покистон як силсила бамбгузориҳои хунини интиҳорӣ ва дар Афғонистони ҳамсоя як теъдод ҳамалот алайҳи нирӯҳои байналмилалӣ анҷом додаанд. Амрико дар баҳои маълумоте, ки боздошт ва ё қатли Байтуллоҳ Маҳсудро муяссар гардонад, 5 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.

Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, интизор меравад, имрӯз дар як намози ҷумъа дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон исми раҳбари нави Толибони Покистон эълон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG