Пайвандҳои дастрасӣ

Як тоҷики муқими Амрико бо радиои "Озодӣ" тамос гирифт ва мегӯяд, мехоҳад, ба Файзигул Шарифоваи маъюб кӯмак расонад.

Нозирҷон, шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаш сол ба ин тараф дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад, шоми панҷшанбе ба радиои "Озодӣ" дар тамос шуд ва дархост кард, ки барояш шумораҳои телефони Файзигул Шарифова, ки мегӯяд, аз иштибоҳи пизишкон маъюб гаштаасту акнун Вазорати тандурустӣ омода нест, ин иштибоҳро ҷуброн намояд, барояш бифиристем.

Нозирҷон аз тасмим ва ташреҳи Вазорати тандурустӣ норозист ва мехоҳад, асноди Файзигулро ба пизишкони амрикоӣ нишон дода, харҷи табобат ва роҳҳои кӯмак ба Файзигулро муайян кунад. Вай ҳамчунин пешниҳод дорад, ки ба воситаи дӯстонаш табобати Файзигулро дар Украина мумкин гардонад.

Сӯҳбат ва дархостҳои Нозирҷонро бо ангушт задан ба рамзи радио дар гӯшаи "Чандрасонаӣ" бишнавед.

Баъд аз вокуниши хонандагон бону Файзигул бо кумаки дӯстонаш суратҳисоби бонкӣ боз кардааст ва хоҳишмандон метавонанд тавассути ин суратҳисоб барои табобати ӯ кумаки молӣ кунанд:

(Барои ҷилавгирӣ аз иштибоҳ ҳангоми интиқоли пул иттилоъ дар бораи суратҳисоб ба забони тоҷикӣ баргардонида нашудааст).

Банк корреспондент: The Bank of New York, New York, USA; SWIFT: IRVTUS3N

Банк посредник: Сбербанк Российской Федерации 117817 (Москва, ул. Вавилова, 19), Счет 890-0057-610; SWIFT: SABRRUMM

Банк Бенефициар: ГСБ РТ "Амонатбонк"; Счет: 22604840400002101000; SWIFT: ASSETJ22; Наименование банка: Отделение 02 "Амонатбонк" города Душанбе, ул.Рудаки 3/а.
Клиент: Шарипова Файзигул Сафаровна
Р-счет: 20218840244299102000
МФО банка: 350101626
ИНН банка: 025143008
Коррсчет банка: 15703840800001102000

Телефон: +992372338157

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG