Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, Гурҷистон ба дифоъ аз худ ҳақ дорад


Намояндаи аршади Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба радиои "Озодӣ" гуфт, талабҳои Русия ба таҳрими ирсоли силоҳ ба Гурҷистон номуносибанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, Андрей Нестеренко гуфтааст, кӯмакҳои ҳарбии кишварҳои ғарбӣ ба Гурҷистон Тифлисро ба низоъи нав таҳрик медиҳанд. Фил Гордон ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Аврупо ва Авруосиё гуфт, Гурҷистон ба мудофиаи худ ҳақ дорад ва шаклу роҳҳои ин дифоъро худи Гурҷистон, на Русия ҳал мекунад.
XS
SM
MD
LG