Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ба ҳукумати Сомалӣ ваъдаи пуштибонӣ дод


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, ваъдаи густариш ва таҳкими пуштибонӣ аз ҳукумати муваққатии Сомалиро дод дар баробари муборизаи он бо тундагроёни исломии марбут ба Ал Қоида. Дар Найробӣ вай ҳамчунин ба Эритрея ҳушдор дод, дар сурати идомаи ҳимоят аз тундгароёни Сомалӣ ба муҷозот рӯбарӯ хоҳад шуд. Иҳзороти Клинтон пас аз мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Сомалӣ, Шайх Шариф Аҳмад садо дод. Вазири умури хориҷии Амрико инчунин дар расми гиромидошти хотираи 200 кушташудаи ҳамлаҳои террористии соли 1998 ба сафоратхонаҳои Иёлоти Муттаҳида дар Кения ва Танзания ширкат варзида, гуфт, ин ёбудест, ки таҳдидҳои террористӣ, на ба марзҳо эҳтиром қоиланд ва на ба нажоду қавму мазҳаб ва ҳамоно идома доранд.
XS
SM
MD
LG