Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрон ба афзоиши фақр дар Тоҷикистон сабаб шудааст


Рӯзномаи Азия Таймс гуфтааст, бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ сабаби афзоиши бенавоён дар Тоҷикистон шудааст. Ба навиштаи ин нашрия, коҳиши интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони тоҷик ба ватанашон садҳо хонаводаро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Агар ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ то оғози бӯҳрон 54 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебурд, ҳоло ин нишондиҳанда аз 60 дарсад гузаштааст ва 15 дарсади аҳолӣ рӯзе ба камтар аз 1 доллар зиндагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол аз якуми августи соли равон бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нархи нерӯи барқ дар ин кишвар боло рафта, ҳамзамон нархи маводи ғизоӣ низ рӯ ба афзоиш дорад.
XS
SM
MD
LG