Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такрори тазоҳурот дар шимоли Теҳрон


Шоҳиде мегӯянд, шаби гузашта дар шимоли Теҳрон зидди раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод тазоҳуроти нав ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вай, садҳо нафар дар майдони Ванак бо нидоҳои "Оллоҳу Акбар!" гирди ҳам омада, садҳо мошин дар ин ҷо ожир додааст. Бархе аз ҷамъомадагон истеъфои Аҳмадинажодро талаб кардаанд. Аҳмадинажод рӯзи чаҳоршанбе барои даври дувуми раёсатҷумҳурӣ савганд ёд кард. Дар ин тазоҳурот ҳамчунин нидоҳои "Марг бар диктатор!" низ садо додаанд. Баъд аз ҳаракати сафҳои полис ба ҷои воқеа тазоҳургарон пароканда шудаанд.
XS
SM
MD
LG