Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат Сотомайорро тасдиқ кард


Сенати Иёлоти Муттаҳида Сония Сотомайорро дар мақоми додвари Додгоҳи Олии Амрико тасдиқ кард ва ӯ ба аввалин испанитабори Амрико табдил ёфт, ки ба чунин мақом расидааст. 68 узви сенат ба тарафдорӣ ва 31 нафар муқобили Сотомайор раъй додаанд. Ин аввалин номзади пешбарикардаи президенти Амрико, Барак Обама ба чунин мақоми олӣ буд. То тасдиқ шуданаш баҳсҳо дар атрофи ин номзад ба авҷи худ расиданд ва мухолифон Сотомайорро ба чапгароӣ айбдор мекарданд. Сотомайор дар мақоми додраси Додгоҳи Олии Амрико, Дейвид Сутерро, ки номзади ҷумҳурихоҳон буд, иваз намуд.
XS
SM
MD
LG