Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Раҳмон бо вазири умури хориҷии Қирғизистон


Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Қадирбек Сарбоев, ки барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омадааст, ҳамкориҳои ду кишвар дар риштаҳои гуногун баҳсу баррасӣ шуданд. Тарафҳо гуфтанд корҳои омодагӣ ба ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бояд дар сатҳи сарони давлатҳо сурат бигирад, дар марҳилаи итмом аст ва ин шӯро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту роҳсозӣ, обу энержӣ, саноати кӯҳӣ ва таъмини амнияту субот мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG