Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тахрибгарон ба Twitter ва Facebook


Хадамоти паёмрасони интернетии Туиттер мегӯяд, ҳадафи ҳамлаи тахрибгарони интернетӣ қарор гирифта, ба қатъ кардани шабакаи иҷтимоияш маҷбур шудааст. Шабакаи Фейсбук низ аз чунин ҳамлаи ногаҳонӣ хабар дод ва изҳори нигаронӣ кард. Тахрибкорон ангалеро ба шабакаи ҷаҳонӣ сар додаанд, ки садҳо ҳазор компютер ё ройонаро ба паёмфиристии ҳамзамон барои Туиттер ва Фейсбук водор карда, сабаби фурӯпошии ин хадамот гаштаааст.
XS
SM
MD
LG