Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Талко ба "Барқи Тоҷик"


Раддияи ширкати Талко ба "Барқи Тоҷик", ки гуфтааст, Талко аз ин ширкат беш аз 90 миллион доллар қарздор аст.

"Иттилоияи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (Талко) дар хусуси маълумоте, ки аз ҷониби кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» чиҳати он, ки гўё КВД «Талко» аз ШСХК «Барқи Тоҷик» қарздор бошад, садо додаанд.

Талко қарзи ҷории худро аз ҳисоби барқи ШСХК «Барқи Тоҷик», ки дар ҷараёни конфронси матбуотии ШСХК « «Барқи Тоҷик» » садо дода, дар як қатор васоити ахбори умуми Тоҷикистон интишор ёфтааст, расман рад менамояд. Шурўъ аз соли 2005 то айни замон, пас аз дигаргунсозии сохторӣ, «Талко» доимо, бекаму кост ба андозаи 100% ҳаққи барқи истифодаи феълиро пардохт менамояд. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли равон «Талко» аз ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳеҷ гуна карз надорад.

Қарзе, ки намояндагони «Барқи Тоҷик» хотирнишон менамоянд, дар муддати аз соли 1996 то соли 2004 ба вуҷуд омада, 96 млн. сомониро ташкил додааст. Бо Қарори махсуси Ҷумҷурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки 50,9 млн. қарз бояд реструктуризатсия шавад ва «Талко» нисбати он масъулият ба дўш надорад. Аз 45.1 млн сомонии бокимонда 6 млн сомонӣ дар муддати солҳои 2005 то 2008 ба нафъи ШСХК «Барқи Тоҷик» пардохта шудааст.

Бояд хотирнишон гардад, ки «Талко» аз ҳисоби маблағҳои худ МБГ Ёвонро пас аз 15 соли бекористии он комилан барқарор намуд. Маркази номбурда ҳоло гармӣ ва энергия истеҳсол менамояд. Айни ҳол МБГ Ёвон ба таври ройгон ба тавозуни «Барқи Тоҷик» гузаронида шудааст.

Гузашта аз ин дар давоми ду соли охир «Талко» аз Ҷумҳурии Туркманистон мустақилона ба маблағи 52 млн. долл. ИМА барқ ворид намуд, ки он на танҳо ба эҳтиёҷоти истеҳсолоти алюминий, балки барои аҳолӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар мавсими тобистон низоми энергетикии Тоҷикистон ба миқдори хеле зиёд барқ истеҳсол менамояд ва бинобар мавҷуд набудани шароити бозори калони фурӯши барқ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ мегардад. «ТАЛКО», сарфи назар аз вазъи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки бисёр ширкатҳои бузурги алюминӣ фаъолияти худро қатъ ва истеҳсолоти худро маҳдуд менамоянд, рӯ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» оварда, барқи зиёдатии онро харидорӣ намуда, ҳамин тариқ миллионҳо сомониро барои буҷети давлат ҳифз менамояд. Бояд хотирнишон сохт, ки ширкатҳои алюминии мамолики дигар аз ҷониби давлат дар шакли паст кардани тарифи барқ, имтиёзоти андоз ва аз нав маблағгузорӣ дастгирӣ меёбанд, Талко бошад, бо шароити қаблӣ фаъолияти худро идома медиҳад.
Мо чунин меҳисобем, ки намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», коршиносон ва ВАО дар суханронӣ ва арзёбиҳои худ оид ба масъалаи мазкур бояд воқеъбинона, мулоҳизакорона ва дар асоси далелҳои мўътамад ибрози назар намоянд.

Хадамоти матбуоти КВД «Талко»
XS
SM
MD
LG