Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи ёрӣ ба чеҳраҳои фарҳангӣ


Донишманди тоҷики муқими Амрико Акбари Турсон
Донишманди тоҷики муқими Амрико Акбари Турсон

Донишмандони тоҷики муқими Қазоқистон пешниҳод кардаанд, ки як «Сандуқи пуштибонии фарзонагони миллат» таъсис дода шавад.

Дар гуфтугӯи интернетии донишманди машҳури тоҷик Акбари Турсон, ки аз тариқи сомонаи родиои Озодӣ сурат гирифт, ағлаби ширкатдорони сӯҳбат аз ӯ дар бораи бозгашташ ба Тоҷикистон пурсон шуданд.

Табиист, ки онҳо ва ҳама мардуми тоҷик муштоқи ба Тоҷикистон баргаштани фарзанди фарзонаи хешанд, зеро аз Ватан дур будани чунин хирадманд барои онҳо низ сангин аст. Вале касе аз пурсидагон пешниҳоде накард, ки вай омода аст барои ба Тоҷикистон баргаштани донишманд мусоидат мекунад ва дар он ҷо барои фаъолияти босамари илмиаш шароити лозимро муҳайё хоҳад кард.

Ҳарчанд Акбари Турсон дар посух ба пурсиш хуб будани шароит ва муҳити кори илмӣ дар Амрикоро далели ба таъхир гузоштани бозгашташ ба Тоҷикистон баён кард, вале рӯшан буд, ки донишманд дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз мушкилоти зиндагӣ ва адами шароити хуби кори илмӣ кишварро тарк кардааст.

Аз ин хотир барои ба Тоҷикистон баргаштани донишманд шароити хуберо барояш омода кард, то ӯ дар ҳалқаи дӯстону пайвандон бидуни мушкилот фаъолияти илмиашро идома диҳад ва асарҳои гаронбаҳо офарад.

Шоири тавонои миллат Бозор Собир низ чун Акбари Турсон дар Амрико шаҳди ғарибӣ мечашад ва ба Тоҷикистон овардани ӯ низ аз масъалаҳоест, ки ба гуфтаи баъзе аз рӯшанфикрони тоҷик, он дар маркази таваҷҷӯҳи ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аҳли фарҳангу бозаргонҳо ва онҳое, ки дилашон ба ояндаи миллат месӯзад, қарор бигирад. Ба таъкиди онон, барои анҷоми чунин корҳои хайр бояд як сандуқе бо номи шабеҳи «Сандуқи пуштибонии фарзонагони миллат» таъсис дод.

Аз ҷумла, Саломиддини Мирзораҳмат, рӯзноманигор ва бозаргони тоҷики муқими Қазоқистон мегӯяд, ки таъсиси сандуқ иқдоми басо меҳанпарастона аст ва агар он ташкил карда шавад, метавон корҳои бузургеро барои фарҳанги тоҷик анҷом дод. Ӯ мегӯяд, «ин сандуқро бояд дар Тоҷикистон ташкил намуд.Як шахсро пайдо кардан лозим аст, ки сарварии онро ба дӯш гирад ва ин шахс бояд инсони поку шинохта ва миллатдӯст бошад, то маблағҳое, ки ба сандуқ ворид мешаванд, ба онҳое, ки дар хидмати миллатанд, бирасад.агар инсонҳои бузурги миллат имрӯз мӯҳтоҷ бошанд, ин барои ҳамаи мо шарму нанг аст. Ман ҳатман саҳмгузор мешавам ба ин сандуқ ва мо хоҳони онем, ки ҳамин иқдоми нек ва ҳамин ғоя ҳарчи зудтар амалӣ шавад».

Рӯзноманигор ва бозаргони тоҷики муқими Қазоқистон афзуд, иқдоме, ки сандуқ дар навбати аввал пиёда кунад, ин таъмини бозгашти устодон Акбари Турсон ва Бозор Собир ба Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаи молии онҳо баъди бозгашт, расонидани ёрии моддӣ ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, адибони маъруф Фарзона, Баҳманёр ва Гулназар аст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон ва берун аз он адибону донишмандоне низ ҳастанд, ки ниёзманди чунин ёрианд ва бояд рӯихати онҳоро тартиб дод ва баъдан ба онҳо низ мадад расонд.Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, минбаъд агар сармояи ин сандуқ зиёд гардад, боз корҳои неки дигарро метавон анҷом дод.

Вале ба андешаи Бекпӯлод Тошпӯлодов-- раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато ба номи Абӯалӣ ибни Сино, аслан дастгирии донишмандони номвар вазифаи ҳукуматҳост. Зеро чунин донишмандон дар ободониву рушди фарҳангу иқтисоди кишвар саҳми бузург доранд. Аз ин хотир ҳукумати Тоҷикистон низ бояд дар андешаи чунин фарзандони фарзона бошад, зеро онҳо корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҳазорон ва даҳҳо ҳазор тавони иҷрои онро надоранд. Аз сӯи дигар, масъалаи пуштибонӣ аз фарзонагони миллат, ба андешаи оқои Тошпӯлодов яке аз самтҳои фаъолияти марказҳои фарҳангии тоҷикони саросари дунё бояд бошад ва агар сандуқ ташкил шаваду он бо ҳама марказҳои фарҳанги тоҷикони сайёра ҳамкорӣ намояд, ин кор бидуни мушкилот иҷро карда мешавад ва ҳатто корҳои бештар аз он ба шумули чопи китобҳои онҳоро низ метавон анҷом дод. Оқои Тошпӯлодов мегӯяд, «агар мо ба донишмандон ёрӣ расонида тавонем, кори хуберо анҷом медиҳем. Зеро донишмандон бояд на дар фикри пайдо кардани маблағ, балки танҳо дар андешаи кори илмиву эҷодии хеш бошанд.Як самти фаъолияти марказҳои фарҳангӣ бояд дастгирии чунин донишмандон бошад.Дар Қазоқистон 11 маркази фарҳангии тоҷикон ҳаст, дар Қирғизистон ҳаст, дар Русия даҳҳо ва садҳо маркази фарҳангии тоҷикон амал мекунад.Дакр канадаву амрико ва кимшварҳои ғарб чунин марказҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.агар мо ҳама метавонистем ин сандуқро дастгирӣ кунем ва кӣ чӣ қадаре тавонаду ёриашро расонад, оянда миллати мо боз обод мешуд.Агар ҳамин сандуқ ташкил карда шаваду ҳамагон дар он саҳм бигиранд, гӯё мисли қатра- қатра дарё мешавад ва агар ҷар маркази фарҳангӣ маблағ ҷудо куна два ёрӣ расонад, ин ёрӣ ба олимон не, балки барои худамон хоҳад буд»…

Лозим ба ёдоварист, то имрӯз баъзе аз тоҷикон ҳамеша чунин андешаи хайрхоҳона ва нек доштанд ва мувофиқи тавони хеш ба фарҳангиёни номвари тоҷик ёрӣ мерасониданд.Дар бораи чунин амали хайри донишманди тоҷик Сафар Абдулло, ки солҳои душвори ҷанги дохилӣ ба бисёр фарзандони номвари кишвар ёрии моддӣ расонида буд, баъзеҳо иттилоъ доранд.

Бӯрӣ Карим олиму шоир ва бозаргони муваффақи тоҷик низ бо таъсиси маҳфили «Боргоҳи сухан» таи нӯҳ сол донишмандону аҳли фарҳангро дастгирии моддӣ мекунад ва асарҳои онҳоро ба чоп мерасонад.Аз ҷумла ба 20 нафар ҷоизаи «Боргоҳи Сухан» супорида шуда, 40 китоби адибон аз ҷониби ин маҳфил ба дасти чоп расид. Оқои Бурӣ Карим дар сӯҳбат бо родиои Озодӣ аз кӯшиши таъсис додани чунин сандуқ изҳори хушӣ намуда, афзуд, ки омода аст дар ин роҳ худи ӯ ҳамчун гоми нахустину амалӣ ба устодон Бозор Собир ва Акбари Турсон ҳар гуна ёрие бошад, бирасонад.Вай гуфт: «Ман шахсан омода ҳастам, ки ба Акбари Турсон ва Бозор Собир аз ҳар нигоҳ ёрӣ расонам: дафтари кориашон бидиҳам, навиштаҳояшонро ба чоп бирасонам ва шабнишинии эҷодиашонро доир кунам ва имкон даст диҳад барои омаду рафташон ба Тоҷикистон низ маблағ дарёфт кунам. Онҳо фахри миллатанд».

Аз сӯи дигар Бӯрӣ Карим афзуд, ки таъсиси чунин сандуқи пуштибонии фарзонагони миллат барои ба таври густурда ва дастиҷамъӣ расонидани ёрии моддӣ ба донишмандон ва адибони тавоно мусоидат хоҳад кард ва шумораи онҳое, ки дар ин кори хайр минбаъд ширкат хоҳанд кард, хоҳад афзуд. Бар илова, тавре гуфта шуд, дар оянда таъсис ва фаъолияти хуби чунин сандуқ ба фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ин самт камранг ба назар мерасад, низ таъсир хоҳад расонд ва масъулини ҳукумат низ ба сарнавишти фарзандони фарзона, ки ифтихори миллату кишваранд, минбаъд бепарво нахоҳанд буд.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатони мо, кӯшиши таъсиси сандуқ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар байни тоҷикони дунё ҳамовозӣ пайдо хоҳад кард ва тавассути он дар оянда фарзандони фарзонаи миллат чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз он ба таври шоиста қадр хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG