Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Туркия ба созиш расиданд


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон – нахуствазири Туркия эълом кард, кишвараш ризоият додааст, то корҳои иктишофӣ ба хотири кашидани лӯлаи гази Русия мавсум ба “Маҷрои Ҷанубӣ” дар қаламравҳои обии Туркия дар Баҳри Сиёҳ оғоз шавад. Қарордод дар ин заминаро имрӯз Туркия ва Русия дар шаҳри Анқара имзо карданд. Русия умедвор аст, бо ин бунёди ин лӯла саҳми худ дар бозорҳои энержии Иттиҳодияи Аврупоро бештар кунад ва нагузорад, ки пойбанди Иттиҳодияи Аврупо ба гази Русия камтар шавад. Владимир Путин нахуствазири Русия, ки дар Анқара қарор дорад, “Маҷрои Ҷанубӣ”- ро як роҳи дигари таъмини Аврупо бо газ муаррифӣ кард: "Лӯлаи “Маҷрои Ҷанубӣ” зарур аст ва барои таъмини амнияти энержии тамоми Аврупо бисёр муҳим аст ва ҳам барои рушди ҳамкориҳои фарогири Туркия ва Русия. Музокироти мо нишон дод, ки мо метавонем, роҳро барои иҷрои тарҳҳои бузургтари энержӣ боз кунем." Силвио Берлусконӣ зимни имзои қарордоди мазкур ба Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон пайваст, чун ширкати ENI-и кишвараш як шарик дар тарҳи “Маҷрои Ҷанубӣ” аст.
XS
SM
MD
LG