Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз ба даргузашти Ҳабибуллоҳ Ботиров, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Душанбе як сол пур шуд.

Ҳабибуллоҳ Ботиров рӯзи 6 августи соли 2008 дар синни 65-солагӣ баъд аз бемории тӯлоние зиндагиро падруд гуфт.

Ҳабибуллоҳ Ботиров кор дар радиои Озодиро ҳанӯз дар соли душвори 1995, замоне ки ҳамоно дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошт, шурӯъ намуда, то поёни умраш барои ҳамин расона кор кард ва аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар гузоришу барномаҳои ҷолибу шуниданӣ таҳия мекард.

Ҳабибуллоҳ Ботиров ҳамчунин замони ҷанг дар Афғонистон ва саркӯб кардани Толибон аз ин нуқтаи доғи ҷаҳон гузоришҳои саҳеҳ омода мекард. Дар давоми фаъолияти босамари журналистии худ дар баробари таҳияи гузоришу барномаҳои баланди касбӣ инчунин як зумра шогирдони соҳибкасбро омода карда буд.

Қабл аз шурӯъи кор дар «Озодӣ», ӯ дар чанд рӯзномаи Тоҷикистон кор мекард. Шодравон Ботиров чанд соли ахир раҳбарии ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG