Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари нав доир ба таркиш дар Ҳилманд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, теъдоди қурбониёни бомбгузории дирӯза дар як ҷашни арӯсӣ назар ба ончӣ ки пештар гуфта шуд, камтар будааст. Ҳамин мақомот гуфта буданд, ки бар асари бомбгузорӣ дар ноҳияи Гармсери вилояти Ҳилманд 21 нафар ба ҳалокат расидааст, аммо дертар эълом карданд, ки ҳангоми таркиши бомб панҷ нафар ҳалок ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин бомб дар назди тракторе таркидааст, ки гурӯҳи меҳмононро ба ҷашни арӯсӣ мебурд.
XS
SM
MD
LG