Пайвандҳои дастрасӣ

ИА аз Эрон хост, ҳукми қатлро лағв кунад


Иттиҳодияи Аврупо ба дор овехтани 24 нафар дар Эронро маҳкум кард. Шветсия - раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо, бо нашри баёнияе имрӯз гуфт, ”аз истифодаи васеъмиқёси ҳукми қатл” дар Эрон аз ҷумла ба шакли дастаҷамъӣ ба дор овехтани 24 қочоқбари маводи мухаддир дар шаҳри Караҷ нигарон аст.“ Иттиҳодияи Аврупо дигарбора аз мақомоти Эрон хостааст, “аз ҳукми қатл комилан даст кашида ва иҷрои онро муттавақиф кунанд.” Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, Эрон аз назари судури ҳукми қатл дар ҷаҳон пас аз Чин мақоми дуввумро ишғол мекунад ва соли гузашта ин ҳукмро нисбати 246 нафар раво дидааст.
XS
SM
MD
LG