Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фасод ба ҷои савод дар донишгоҳҳо


Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ

Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ

Тассавур намоед, ки Худо накарда бемор шудед ва шуморо як ҷарроҳи бетаҷриба ҷарроҳӣ мекунад ва ё Худо накарда ба додгоҳ меафтед ва вакиле шуморо дифоъ хоҳад кард, ки қонунро намедонад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ришваситонӣ аз донишҷӯёни бесавод расм шудааст, аз эҳтимол дур нест, ки ин тассавурҳои ваҳшатангез ба воқеъият табдил ёбанд. Бо амиқтар рафтани фасодкорӣ дар донишгоҳҳои олии кишварҳои минтақа, коршиносон аз хатари таъсири харобиовари он ба ҷомеа ҳушдор медиҳанд.

Қиссаи Ҷовид

Ҷовиди 18-сола ҳамеша орзуи афсари пулис шуданро дар сар мепарварид, аммо ҳоло барои корманди гумрук шудан, имтиҳон
Ман метарсам, ки он донишҷӯён ба ҷойи табобат, беморро накушанд.
месупорад. Вай мегӯяд, волидонаш пули кофӣ наёфтанд то барои шомил кардани ӯ ба Академияи Милиса ришва бидиҳанд. Ба хотири ояндаи хубтари писарашон, волидони Ҷовид, кишоварзон аз ноҳияи Масчоҳ 1000 доллар ришва доданд, то фарзандашонро ба Донишгоҳи Молиявии Тоҷикистон шомил кунанд.

Ҷовид қисса мекунад, ки чӣ гуна миёнараве ин пулро ба профессор медиҳад ва масъалаи вуруди ӯ ба донишгоҳ ҳам ҳал мешавад. Достони мисли Ҷовидро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам метавон шунид, ки ришва додани барои вуруд ба донишгоҳҳои олӣ расм шудааст. Дар Туркманистон, ин ришваҳо ҳатто ном доранд, масалан “элаклик”, ки маъниаш “сипосгузорист”.

Феҳрасти ғайрирасмии ришваҳо ҳам ҳаст, ки вобаста ба донишгоҳҳо аз 600 то ба 15 ҳазор доллар мерасад. Дар Тоҷикистон барои вуруд ба бахши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ ҳадди аққал 2000 ҳазор доллар зарур будааст.

Дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон вазъ аз ин хубтар нест ва ҳаҷми риша ба касби ояндаи донишҷӯ вобаста мебошад, ки чӣ қадар серхаридору фоидавор аст. Бахши ҳуқуқи донишгоҳҳо ҳоло талабгори зиёд дорад, зеро донишҷӯён умедворанд, ки дар муддати кӯтоҳ соҳиби пули зиёд мешаванд.

Олибмек Ота, ки фарзандашонро барои шомил кардан ба Донишгоҳи Давлатии Ӯш овардааст, ришваситониро “як воқеъияти имрӯза” мехонад: “Ман бо писарам омадам, то дар вурудаш ба донишгоҳ кӯмак кунам. Ӯ дар мактаб хуб мехонд. Дигар волидон, ки писаронашонро ҳам овардаанд, ришва медиҳанд ва ман ҳам аз онҳо фарқе надорам.”

Аммо ришваситонӣ баъди вуруди донишҷӯён ба донишгоҳ тамом намешавад ва то охир идома мекунад. Бисёре аз имтиҳону санҷишҳои ҷориро донишҷӯёни бепарво дар ивази ришва мегиранд. Ба гуфтаи Эмил Сарбоев, ки дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Ош дарс медиҳад, баъзе аз донишҷӯён ба дарсҳо ҳозир намешаванд ва ба ҷойи он ришва медиҳанд: “Дар гурӯҳи ман панҷ шаш донишҷӯ ҳастанд, ки ба дарс ҳозир намешаванд, вале ҳар мушкилашонро бо профессор ҳал мекунанд. Онҳо барои супурдани имтиҳон аз 500 то 600 доллар медиҳанд. Ман тассавур намекунам, онҳо чӣ гуна табиб хоҳанд шуд ва чӣ гуна бемореро дар Қирғизистон табобат хоҳанд кард. Ман метарсам, ки он донишҷӯён ба ҷойи табобат, беморро накушанд.”

Фасод ба ҷои савод

Аз ҳамин ҳоло дар Осиёи Марказӣ ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки то чанд соли дигар насли мутахассисони камсаводу камҳунар рӯи кор хоҳад омад. Аз ҳамин ҳоло мардум ба хатмкунандагони донишгоҳҳо эътимод надоранд ва масалан беморон ба назди табибони бузургсол мераванд, ки теъдоди онҳо ҳам батадриҷ кам мешавад. Мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, барои маҳви фасоду ришвахорӣ дар низоми маориф ҷидду ҷаҳд доранд ва ҷазо додани устодону профессоронро мисол меоранд.

Аммо коршиносон мегӯянд, бо боздошту ҷазо додани ду се нафар як мушкили азимро ба зудӣ рафъ кардан номумкин аст. Онҳо яке аз роҳҳои ҳалро дар боло бурдани музди кори устодон мебинанд, ки аз 70 то 400 доллар маош мегиранд, ки барои зиндагии дурусте дар Тоҷикистони фақир ҳам кофӣ нест. Ин беадолатиҳову ришваситониҳо сабаб шудааст, то бачаҳои хонаводаҳои камбизоат аз дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ ва ҳамигуна таъмини ояндаи дурусте барои худ маҳрум шаванд. Бисёре аз онҳо, ҳатто ҷавонони босавод вале камбизоат ҳам баъзан фикри таҳлсили олиро намекунанд ва ба баъди хатми мактаб ба лашкари бузурги муҳоҷирони корӣ дар Русия мепайванданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG