Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гургдӯстӣ"-и Русияву Ғарб баъд аз ҷанги Гурҷистон


Бо гузашти як сол аз ҷанги Русия бо Гурҷистон коршиносон мегӯянд, манзараи сиёсӣ дар минтақа ба сурати умум тағйири чандоне накардааст.

Як сол қабл сайругашти тонкҳои русӣ дар Қафқоз ҷаҳонро таккон дод. Маскав мегуфт, ки ин бӯҳрон нокомӣ ва шикасти сохторҳои амниятии баъд аз Ҷанги сардро ба намоиш гузошт. НАТО, ИА, ва Амрико аммо ба навбаи худ талош мекарданд, ба вазъи ба таври сареъ тағйирёбанда дар ин минтақа посух биҷӯянд. Аммо акнун бо гузашти 12 моҳ, ё худ як соли дуруст аз ҷанги кӯтоҳи байни Русияву Гурҷистон, ки умеди Тифлис барои дубора таҳти назораташ овардани вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубиро тақрибан замин кард, коршиносони умур мегӯянд, авзоъ ба таври ғайриинтизор хеле кам тағйир кардааст.

Тифлис ҳамчунон умедвори пуштибонист

Як сол пас аз низоъи низомии байни Русияву Гурҷистон, ки бо ишғоли вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ аз
“Русия акнун ба тозагӣ идрок мекунад, ки тухми тарсу нобоварӣ коштан дар зеҳни ҳамсоягони худ на лузуман заминаи даст ёфтан ба аҳдофе мешавад, ки шумо дар сиёсат мехоҳед.”
ҷониби Русия анҷомид, танишҳо дар минтақа дубора буруз кардаанд. Мақомоти гурҷӣ, аз ҷумла раҳбари кумитаи ҳамоиш бо Аврупо дар парлумони Гурҷистон Давид Дарчиашвилӣ вале ҳамчунон умедворанд, ки ҷомиаи байналмилалӣ тавони ҳалли масъаларо дорад: “Ҷомиаи байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аз Гурҷистон ҷонибдорӣ мекунанд. Ва ҳеҷ чизе дар байн нест, ки боиси навмедии мо ҷиҳати адами таваҷҷӯҳ ба иғвоҳои ахири ҷониби ишғолгар, яъне Русия шавад. Ҷомиаи байналмилалӣ бо тамоми имконоташ ҳамеша қудрати хунсо кардани иқдомоти як кишвари ҷудогонаи бемаънӣ ва пархошҷӯро дорад. Ва ин ҷо фарқ намекунад, ки ин кишвар чӣ қадар бузург аст.”

Аммо суоле ҳанӯз матраҳ аст, ки бозигарони бузурги байналмилалӣ, назири Русия, ИА ва паймони НАТО аз ин бӯҳрон чӣ бурданд ва ҷанги Русияву Гурҷистон ба тавозуни байни қудратҳо чӣ таъсире аз худ ба ҷо гузошт? Таҳримоте, ки ИА ва НАТО дар пайи ҷанги Русияву Гурҷистон алайҳи Маскав ҷорӣ карданд, таҳримоте бедандон буд ва дер напоист.

Ва аммо ончӣ рӯшантар ба назар мерасад, ин аст, ки Русия дар қиболи кишварҳои ҳамҷавораш, назири Гурҷистон ва Украина, аз фишангҳои кӯтоҳмуддати густариши нуфуз кор мегирад. Ва ин дар ҳолест, ки ба фарқ аз Маскав, Ғарб ба дарозмуддат фикр карда ва ба онҳо пешниҳоди ҷолибтари ҳамоишро мекунад, ки метавонад пешрафт ва истиқлолияти ин кишварҳоро таҳким бубахшад.

Вазъ тағйири чандоне накардааст

Даниэл Корскӣ, мушовири собиқи сиёсӣ дар вазорати хориҷаи Амрико ва коршиноси аршади масоили сиёсӣ дар Шӯрои равобити хориҷии Аврупо, мегӯяд, алорағми бовари бархе, ҷанги моҳи августи соли гузашта мунҷар ба кадом тағйири ҷиддии манзараи сиёсӣ дар минтақа нашуд: “Як сол баъд аз он ҳаводис дидани кадом тағйироти бунёдие, ки мардум билофосила баъди он низоъ интизорашро доштанд, душвортар шудааст.”

Ҳарчанд Русия дар паи фурӯ нишастани оташи тӯпхонаҳо каме қаламрави дигарро таҳти назорати худ овард, аммо намоиши зӯри низомиаш ба андозае сарусадо накард, ки мехост. Артиши Русия барои сари зону шинондани як ҳамсояи хурду ноомода ва маҳрум аз пуштибони байналмилалиаш 5 рӯз сарф кард ва Кремл маҷбур шуд, ба дунболи чунин намоиши заифи қудрати низомӣ дар фикри ислоҳи низоми артиши худ шавад.

Русия, албатта, нишон дод, ки дар сурати зарурат аз истифодаи нирӯ парҳез намекунад, вале ба бовари Даниэл Корскӣ, ҷанг бо Гурҷистон кӯтоҳбиниҳои сиёсати Маскавро дар минтақа ба намоиш гузошт.

Эдвард Лукас, муаллифи китоби “Ҷанги нави сард” ва хабарнигори маҷаллаи маъруфи бритониёии “Экономист”, низ мегӯяд, ки агар Кремл гумон дошт, ки бо “дарси адаб” додан ба Гурҷистон ба дигар пойтахтҳои наздикаш паём мефиристад, пас дар ин баровардаш иштибоҳ кардааст: “Русия акнун ба тозагӣ идрок мекунад, ки тухми тарсу нобоварӣ коштан дар зеҳни ҳамсоягони худ на лузуман заминаи даст ёфтан ба аҳдофе мешавад, ки шумо дар сиёсат мехоҳед.”

Аммо Амрико...

Ҷанги соли гузашта зимнан нишон дод, ки Гурҷистон дар авлавияти сиёсатҳои Амрико қарор надорад. Маъмурияти Амрико акнун роҳи беҳбуди равобит бо Русияро пеш гирифтааст, вале мегӯяд, хуб шудани равобити Вошингтон бо Маскав ба зиёни кишварҳои ҳамҷавор тамом нахоҳад шуд, балки баръакс, нигаронии Русия аз азми ин кишварҳо барои қаробат ва ҳамоиши бештар бо Ғарбро коҳиш хоҳад дод.

Русияву Ғарб акнун аз марҳалаи таккондиҳандаи ҷанги соли гузашта берун мешаванд ва ба таъбири Даниэл Корскӣ, дар ҳоли ба истилоҳ “гургдӯстӣ” боқӣ мемонанд. Яъне дар масоиле, ки дархӯри манофеъи ҳарду ҷониб аст, назири Эрону Афғонистон ва мубориза бо террор, дари ҳамкориро ба рӯи ҳамдигар бастанӣ нестанд, вале дар масоиле, чун Қафқозу Аврупои шарқӣ аз ҳамдигар ҳамчунон бим мебаранд. Даниэл Корскӣ аммо мегӯяд, вазъи муносибот байни Ғарбу Маскав то ҷанги Русияву Гурҷистон низ тақрибан чунин буд.
XS
SM
MD
LG