Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони ҷавони тоҷик Манучеҳр Маллаев ва Аббос Икромов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ ё гуштии фарангӣ байни наврасон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки бо ширкати гуштигирони ҷавони 20 кишвари Осиё баргузор шуд, Маллаев дар рақобатҳо дар вазни то 74 кг ва Икромов дар вазни то 85 кг ҷойҳои севумро касб карданд.

Инчунин ду намояндаи дигари Тоҷикистон Оятуллоҳ Мӯҳтоҷев (то 58 кг) ва Акмал Шоҳраҷабов (то 69 кг) байни панҷ нафар беҳтарин гуштигирони қора ҷойгир шуданд.
XS
SM
MD
LG