Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Политковская муттаваққиф шуд


Ду нафари муттаҳам ба қатли Политковская ҳамроҳи бо вакили худ дар додгоҳ.
Ду нафари муттаҳам ба қатли Политковская ҳамроҳи бо вакили худ дар додгоҳ.

Муҳокимаи дубораи парвандаи куштори шореҳи рӯзномаи «Новая газета» Анна Политковская, ки зӯҳри рӯзи чаҳоршабе дар додгоҳи низомии шаҳри Маскав шурӯъ шуд, то рӯзи 7 август мутаваққиф шуд.

Муҳокима дар асоси дархости вакилони додгоҳии Анна Политковская ҷиҳати бозпас гардонидани парванда ба додситонӣ барои ислоҳи норасоиҳои мавҷудаи айбнома ба таъхир гузошта шуд. Дархости вакилони додгоҳиро намояндаи додситонӣ ҳам дастгирӣ кард

Анна Ставитская, вакили додгоҳии наздикони Анна Политковская мегӯяд, додситониро лозим аст, аз айбнома номи Рустам Маҳмудов- кушандаи эҳтимолиро хориҷ намояд ва ё парвандаи вайро бо парвандаи бародарон Маҳмудовҳо якҷо тафтиш кунад.

Дмитрий Муратов, сардабири рӯзномаи «Новая газета» низ хостори тафтиши дигарбораи парванда аст. Вай мегӯяд: “Далоили иловагӣ зарур аст, чунки бо он далелҳое ки бозрасӣ ва додситонӣ ба муҳокимаи пешин ҳозир шуданд, пеш рафтан имкон надорад.”

Анна Политковская, шореҳи рӯзномаи «Новая газета», ки бештар дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар минтақаи Қафқози шимолӣ, ба вижа Чеченистон менавишт, моҳи октябри соли 2006 дар Маскав дар пойгаҳи хонаи худ аз сӯи афроди номаълум парронида шуд. Иҷрокунандаи бевоситаи куштор ва супоришгари куштор ҳанӯз боздошт нашудаанд.

Додгоҳи низомии Маскав моҳи феврали соли равон чор нафарро, ки бо иттиҳоми ширкат дар куштори рӯзноманигор боздошт шуда буданд, дар асоси ҳукми ҳайати мунсифа сафед кард. Вале рӯзи 25 июн Додгоҳи олии Русия ҳукмро бо талаби додситонӣ бекор кард ва хостори расидагии дигарбораи парванда дар додгоҳи Маскав шуд. Ба назари додситонӣ, камбудиҳое, ки дар айбнома ҷой дошт, ҳайъати мунсифаро ба иштибоҳ андохтааст.

Гуфта мешавад, додгоҳ ҳукми худро дар бораи бозпас гардонидани парванда ба додситонӣ рӯзи 7 август эълом мекунад.
XS
SM
MD
LG