Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пофишории Русия ба талабаш аз Ғарб


Вазорати умури хориҷаи Русия дигарбора аз кишварҳои ғарбӣ хост, таъмини Гурҷистон бо силоҳро бас кунанд. Андрей Нестеренко – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, имрӯз гуфт, бо дарёфти чунин кӯмакҳои низомӣ, мақомоти Гурҷистон фикр хоҳанд кард, ки “қодиранд мушкилоти худро аз роҳҳои низомӣ” ҳал кунанд. Фардо аз ҷанги кӯтоҳи Русияву Гурҷистон бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ як сол пур мешавад. Дар остонаи ин сана, Русияву Гурҷистон ҳамдигарро ба иғвоангезӣ ва омодагӣ ба таҷовузи нав муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG