Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқбол аз раҳоии хабарнигорони амрикоӣ


Билл Клинтон ва Алберт Гор хабарнигорони озодшударо дар фурӯдгоҳиБурбанки Калифорния пешвоз гирифтанд.

Билл Клинтон ва Алберт Гор хабарнигорони озодшударо дар фурӯдгоҳиБурбанки Калифорния пешвоз гирифтанд.

Таҳлилгарони амрикоӣ маъмурияти Билл Клинтонро муваффақ мехонанд, вале мегӯянд, мушкили Кореяи шимолӣ ҳанӯз ҳаллношуда боқӣ мемонад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои кӯмак ба раҳоии хабарнигорон Лаура Линг ва Июна Лӣ ба раисиҷумҳури пешин Биллл Клинтон ва ноиби собиқаш Алберт Гор сипосгузорӣ кард: “Ман мехоҳам ба президент Билл Клинтон, ки ман бо вай аллакай сӯҳбат доштам, барои кӯшишҳои бесобиқаи башардӯстонааш, ки дар натиҷаи он ду хабарнигор ба озодӣ баромаданд, ташаккур гӯям. Ман инчунин мехоҳам аз собиқ ноиби президент Алберт Гор, ки барои расидан ба натиҷаҳои мусбат бидуни хастагӣ кор мекард, сипосгузорӣ кунам.”

Аммо оё маъмурияти Билл Клинтон сирф башардӯстона буд? Ба ақидаи муовини раиси “Бунёди Карнеги барои сулҳи байналмилалӣ” – пажӯҳишгоҳи сиёсии Вошингтон, Томас Карозерс, дар аксар чунин буд. Карозерс афзуд, аммо гумон аст ки ин маъмурияти Клинтон барои ҳамвор кардани роҳ миёни Вошингтону Пхенян мусоидат кунад. Ба вижа баъд аз он ки дар тӯли солҳо ҳукумати президенти пешин Ҷорҷ Буш кӯшиш карда буд, Кореяи Шимолӣро дар инзивоъ қарор диҳад: “Сардии муносибатҳо бо Кореяи Шимолӣ дар давоми даҳсолаи гузашта, рости гап, моро ба ҳеҷ ҷое наовардааст ва мо мебинем, ки маҷбурем ҳоло, ба кадом шакле ки набошад, бо ин ҳукумат сару кор дошта бошем. Ва ин ба замоне рост омадааст, ки бархӯрди Кореяи Шимолӣ нисбат ба Амрико ба таври бесобиқа беэҳтиромона ва дар воқеъ, ҳатто душманона аст. Аммо баъд аст, ки дар инзивоъ нигоҳ доштани он кишвар ягон натиҷае бахшад. Ҳоло маълум нест, ки ҳукумати Кореяи Шимолӣ аз раҳоии хабарнигорон чӣ баҳра хоҳад бардошт, ба ғайр аз акси раҳбараш ҳамроҳ бо раисиҷумҳури собиқи мо.”

Таҳлилгари дигари амрикоӣ Николас Эберстадт аз “Американ Ентерпрайз Инститют” низ натиҷаҳои сафари Клинтонро қобили таҳсин медонад, вале ҳамзамон ба шароити монанд дар робита бо Эрон, як кишвари дигари вориди таниш бо Амрико бар сари барномаҳои ҳастаияш, ишора мекунад: “Бубинед, ки дар тӯли чанд рӯзи охир кадом таҳаввулот рух додааст: Се шаҳрванди амрикоӣ дар марз бо Эрон аз ҷониби сарбозони эронӣ боздошт шуда, барои мурофиа ва муҷозоти эҳтимолӣ ба Эрон интиқол ёфтанд. Ба назар мерасад, ки мардум аз ин бозиҳо таҷриба мегиранд. Ман ҳайрон намешавам, агар ҳоло эрониҳо мунтазири омадани президент Клинтон ба кишварашон барои гуфтушунид ба хотири раҳоии амрикоиҳо шаванд. Ҳукумати Эрон хабарҳоро пайгирӣ мекунад ва аз Кореяи Шимолӣ ин таҷрибаҳои дипломатиро меомӯзад.”

Аз дигар ҷониб, мегӯяд Эберстадт, имкон дорад, ки Обама Клинтонро ба Пхенян барои он сафарбар кард, то ки мушкили бузурги Кореяи Шимолиро ба мушкили хурдтар табдил диҳад. Агар чунин аст, пас барои идомаи робитаҳои маънидор бо Пхенян ин бархӯрди оқилонаест.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, Обама дар оянда Билл Клинтонро барои маъмуриятҳои ҳамсон истифода мебарад ё хайр, як мушкил боқӣ мемонад ва ин мушкил шавҳари вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон будани Билл Клинтон мебошад.

Аз нигоҳи Карозерс, шарт нест ки Обама Билл Клинтонро бо чунин маъмурият дар оянда ба ҷоу сафарбар кунад, аммо ҳатто агар бифиристад, пайванди табориаш бо Ҳилларӣ Клинтон ягон монеъае эҷод нахоҳад кард.

Эберстадт низ ба ин анлдеша розист, вале дар зимн саволеро матраҳ мекунад, ки агар маъмурияти навбатии Билл Клинтон ноком шавад, ҷавобгариаш бар дӯши ки хоҳад буд? Вай афзуд, ки эътибори Билл Клинтон дар хориҷа баланд аст, аммо агар Обама хоҳад вазири хориҷаашро аз мушкилиҳо дар оянда эмин нигоҳ дорад, беҳтар мебуд ки вай Билл Клинтонро ба ҳайси фиристодаи вижааш истифода набарад.
XS
SM
MD
LG