Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи ҳукми омилони бомбгузориҳои Бомбай


Додгоҳи Ҳинд, се нафар, бо шумули як зану шавҳарро дар бомбгузориҳои хунини соли 2003 дар шаҳри Бомбай гунаҳкор дониста ва ба марг маҳкум кард. Пулис гуфт, ин бомбгузорӣ як ниқор дар ҷавоб ба ҷиноятҳои ҳиндуҳо алайҳи мусулмонон дар ошӯбҳои соли 2002 дар аёлати Гуҷарот будааст. Додситонҳо мегӯянд, ки се нафари маҳкумшуда бомбгузориҳои Бомбайро бо кӯмаки Лашкари Тайиба гурӯҳи тундрави исломии мустақар дар Покистон тарҳрезӣ кардаанд. Давлати Ҳиндустон мегӯяд, ки аксари бомбгузориҳо дар шаҳри Мумбай, аз ҷумла ҳамлаи маргбори соли гузашта амали дасти Лашкари Тайиба аст, ки дар он ҳамла бештар аз 160 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG