Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоби сиёсии Бадахшон: пӯстинҳоро захира кунед


Бадахшонро акнун сабқати сиёсӣ дар пеш аст

Бадахшонро акнун сабқати сиёсӣ дар пеш аст

Бархе аз аҳзоби сиёсии Бадахшон баргузории интихоботро дар зимистон дар шароити иқлимии минтақа омили маҳдудкунанда арзёбӣ карда, хостори гузаронидани он дар фаслҳои гармтар шуданд.

Намояндаи бахши вилоятии ҳизби наҳзати ислом дар маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар мавзӯъи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парлумон дар Тоҷикистон” дар Хоруғ аз мушкилоти интихобот дар фасли сармо изҳори нигаронӣ намуд. Раиси ҳизби наҳзат дар ноҳияи Ишкошим Меҳроваршо Фарайдуншоев мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳизби ҳоким аз имконоти бештари молӣ бархӯрдор мебошад, дар шароити боришоти зиёди барф ва тармафуроӣ ва басташавии роҳҳо аҳзоби сиёсии дигар дар таблиғ ва муаррифии барномаҳои ҳизбӣ ва номзадҳояшон ба маҳрумият ва мушкилот дучор мешаванд.

Ба гуфтаи раиси бахши вилоятии ҳизби сотсиал- демократ Алим Шерзамонов, онҳо чунин маҳрумиятро дар интихоботи гузашта эҳсос карданд, чунки бар асари омилҳои иқлимӣ номзадҳои ҳизб имкони сафар ба деҳоти дурдаст ва мулоқот бо интихобкунандагонро надоштаанд.

Аммо намояндаи ҳизби ҳокими халқии демократӣ аз ноҳияи Ишкошим Ақдодхон Мародалиев сардиҳои зимистонро бинобар фориғ будани бештари мардум аз кору ташвиши рӯзгор майдони мусоид барои корзори гарми интихобот мешуморад.

Вале ба гуфтаи масъулини ҳизби коммунисти вилоят, агарчанде онҳо дар ҳар як фасли сол барои рақобат бо аҳзоби дигар дар мавриди ба даст овардани курсии парлумон ҳозиранд, аммо таъсири зимистони сербарфи минтақаро ба фаъолияти номзадҳои аҳзоби сиёсӣ дар давраи интихоботи нодида гирифта наметавонанд , зеро дар шароити эҳсоси гаронии хароҷот ва душвориҳо бештари довталабон аз сафар ба маҳалҳои дурдаст ва мулоқот бо интихобкунандагон худдорӣ меварзанд.

Намояндаи бахши вилоятии ҳизби наҳзати ислом ҳамчунин аз қонуншиканиҳои зиёд дар интихоботи гузашта ва ҳатто латукӯб шудани нозири ин ҳизб дар қитъаи интихоботӣ ёдовар шуда, изҳори умед кард, ки интихоботи оянда бидуни дахолати намояндагони мақомот ва дар шароити озодтар сурат мегирад.

Аммо раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим иддаои намояндаи ҳизби наҳзатро дар мавриди нақзи ҳуқуқи аҳзоби сиёсӣ дар интихоботи гузашта дар минтақа беасос хонда , аз аҳзоби сиёсӣ даъват намуд, ки бидуни тарсу ҳарос аз тарма ва барфу борон ба майдони талошҳои сиёсӣ ворид шаванд. Раҳбари вилоят гуфт, ки роҳҳо дар рӯзҳои интихобот кушода хоҳанд буд ва ҳизби ҳоким беҳтаринҳоро дастгирӣ ва ғолибонро эътироф мекунад.

Аммо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ бо изҳори нобоварӣ ба гуфтаи мақоми ҳизби ҳоким дар вилоят мегӯянд, ки мақомот дар роҳи онҳо дар интихоботи оянда низ нафақат монеъаҳои сунъӣ эҷод хоҳад кард, балки аз монеъаҳои табиӣ ҳам ба нафъи хеш кор мегирад. Онҳо аз як мавриди интихоботи гузашта ёдовар мешаванд, ки идораи роҳсозӣ бо супориши мақомот тармаро аз роҳи сафари намояндаи ҳизби ҳоким тоза менамуд ва дар ҳолоти дигар барои тоза намудани роҳ аз барфу тарма аҷала намекард , ки мабодо ҳамчун ҷонибдорӣ аз номзади рақиб талаққӣ шавад.

Ба гуфтаи намояндагони аҳзоби сиёсӣ, онҳо маҷбуранд, аз ҳоли ҳозир попӯшҳои намадин ва пӯстин захира кунанд, зеро дар маъраки гарми таблиғотӣ ва сардиҳои зимистон, ба вижа дар ноҳияи Мурғоб, ҳангоме ки ҳарорати ҳаво то 60 дараҷа аз сифр поин меравад, аммо мушкилоти барқ то ба ҳол ҳал нашудааст, ин афзори гарм ҳатман ба кор хоҳанд омад.

Коршиносон баргузории интихоботро дар зимистон мерос аз даврони шӯравӣ мешуморанд, ки он вақт интихобот танзимшуда ва кори дуюмдараҷа маҳсуб мешуд. Ба фикри коршиносон, аммо алҳол ҳангоме ки интихоботи президентӣ дар кишвар дар айни авҷи ҷамъоварии ҳосили пахта фурсати аз ҳама муносиб шумурда мешавад, бо баҳонаи кори саҳро ба сардиҳои зимистон ҳавола кардани интихоботи парлумонӣ ва пофишорӣ дар мавриди ба вақти дигар нагузаронидани ин маърака ғайримантиқист.

Маҳфили сиёсӣ бо ибтикори Шӯроиҷамъиятии Тоҷикистон ва дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор шуда, дар он аз 6 ҳизби фаъол дар минтақа намояндагони се ҳизб аз маркази вилоят ва кулли навоҳӣ ширкат доштанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG