Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи сафари Клинтон дар Африқо


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз бо Шайх Шариф Аҳмад – раиси ҷумҳури Сомалӣ, дидор хоҳад кард, то ҳимояташ аз ҷанги ҳукумати Сомалӣ ба зидди тундравони исломиро нишон бидиҳад. Хонум Клинтон, ки рӯзи дуввуми сафараш дар Африқо сипарӣ мешавад, бо Шайх Шариф Аҳмад дар шаҳри Найробӣ, пойтахти Кения, дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Ду тараф роҳҳои ба эътидол овардан вазъ дар Сомалиро баррасӣ мекунанд, ки ин кишвар пойгоҳи амни тундравоне маҳсуб мешавад, ки ҳамлаҳо дар минтақа ва фаротар аз онро тарҳрезӣ мекунанд. Ҳукумати Амрико ба Сомалӣ дар ҷангаш ба зидди тундравон, аз ҷумла гурӯҳи Ал-Шабоб кӯмаки низомӣ мекунад, ки ин гурӯҳро Амрико як шохаи Ал-Қоида дар Сомалӣ медонад.
XS
SM
MD
LG