Пайвандҳои дастрасӣ

Хашми Ҳуго Чавез аз ҳукумати Колумбия


Ҳуго Чавез – раиси ҷумҳури Венесуэла, мегӯяд, азбаски ҳукумати Амрико мехоҳад, ҳузури низомиашро дар Колумбияи ҳамсоя тақвият бахшад, ҳукумати Венесуэла ҳам аз Русия даҳҳо танк хоҳад харид. Ҳуго Чавез созиши дуҷонибаеро маҳкум кард, ки ба Иёлоти Муттаҳида иҷоза медиҳад, аз ҳафт пойгоҳи Колумбия истифода кунад. Ҳуго Чавез раҳбари сотсиалисти Венесуэла, тасмими кишвари ҳамсояаашро “иқдоми душманона” ва “хатари воқеъӣ” ба кишвараш ва шарикони чапгарои Венесуэла хонда ва ҳушдор дод, тақвияти ҳузури низомии Амрико дар минтақа метавонад, ”дар Амрикои Ҷанубӣ ҷанг барангезад.”
XS
SM
MD
LG