Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Маскав аз пойгоҳҳояш дар Осиёи Марказӣ


Вазорати умури хориҷии Русия дар як изҳороташ гуфт, ҳузури ҳарбии ин кишвар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хосияти мудофиавӣ дошта, бар зидди кишвари савум нигаронида нашудааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ин ҳузур дар чаҳорчӯби асноди Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва зимни нигаронии умумӣ дар баробари таҳдидҳои терроризми байнулмилалӣ амалӣ мешавад. Русия изҳор доштааст, ки пойгоҳи нави он дар Қирғизистон метавонад, аз тарафи ҳамаи кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ мавриди истифода қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG