Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи Кохи сафед изҳороташро бозпас гирифт


Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс, мегӯяд, вай рӯзи сешанбе дар "раҳбари интихобшуда" номидани Маҳмуди Аҳмадинажод ба иштибоҳ роҳ дод. Гиббс ба хабарнигорон гуфт, мардуми Эрон ҳамоно натиҷаҳои расмии раъйдиҳиро зери суол мебаранд ва Вошингтон инро дар ихтиёри худи эрониҳо мегузорад, то мушаххас кунанд, ки интихоботи моҳи июн одилона буд ё на.
XS
SM
MD
LG