Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қарзашро аз СММ хоҳад канд


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ба пардохти беш аз 2 миллиард доллар қарзаш аз идораи посдори сулҳи Созмони Милал омодааст. Сафири Амрико дар СММ, Сюзан Райс, дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, ҳаққулузвияти пардохтнашудаи Иёлоти Муттаҳида, ки аз солҳои 2005 то 2008 боқӣ мондааст, ба 2 миллиарду 200 миллион доллар мерасад. Иёлоти Муттаҳида бузургтарин саҳҳоми Созмони Милал аст ва барои ҳамин масъули ҳаштяки харҷи посдории сулҳи ин ниҳоди байнулмилалӣ мебошад, ки солона аз 8 миллиард доллар иборат аст. Раиси барномаҳои сулҳофаринии Созмони Милал, Алан Рой ин эъломияи Райсро "хабари фавқулода хуб" номид.
XS
SM
MD
LG