Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод "дигаргуниҳои бузург" ваъда кард


Маҳмуди Аҳмадинажод барои даври дувуми чаҳорсолаи раёсатҷумҳурии Эрон савганд ёд кард. Эълони пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи президентии 12 июн эътирозҳои густардаи хиёбониро ба вуҷуд овард, ки ба таври бераҳмона аз тарафи полис саркӯб шуданд. Ду номзади нокоми интихобот, Мирҳусейн Мусавии ислоҳталаб ва Маҳдии Каррубии мӯътадил иддао карданд, ки интихобот бо хилофкориҳои зиёд ҷараён гирифт. Дар паёми расми савгандаш, Аҳмадинажод гуфт, бозинтихоби ӯ оғози дигаргуниҳои бузург дар Эрон аст.
XS
SM
MD
LG