Пайвандҳои дастрасӣ

НАТо ва ИМА шикояти афғонҳоро напазируфтанд


Нерӯҳои НАТО ва ИМА ҳамзамон бо тасдиқи ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷануби Афғонистон иттилоъ дар бораи қурбониҳо миёни аҳолии осоиштаро такзиб мекунанд. Низомиёни ИМА таъкид мекунанд, ки чор нафари кушташуда ошӯбгарони савори мотосикл буданд. Сокинони деҳаи канори шаҳри Қандаҳор бошад, исрор меварзанд, ки кушташудагон се ҷавон ва як мард-ҳамдеҳагони онҳо буданд. Онҳо ҷасадҳоро барои намоиш ба шаҳр оварданд. Масъалаи қурбониҳо аз ҳамлаҳои ҳавоӣ боиси ангезиши қаҳру ғазаб дар ҷомеаи афғон шудааст. 20-уми август дар Афғонистон интихоботи президентӣ барпо мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG